Наврӯзи оламафрӯз / Праздник Навруз

  • Опубликовано в Новости
Мизоҷон ва шарикони муҳтарам!

Ширкати NAJOT Шуморо бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯз самимона табрик менамояд.

Бигзор ин ҷашни бостонии баҳор ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтӣ оварад. Ба Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав орзумандам.

Бигзор Наврӯз оғози рӯзҳои пур аз умед, шодӣ ва пешрафт гардад.

Бо эҳтиром,
Ширкати NAJOT



Уважаемые клиенты и партнёры!

Компания NAJOT сердечно поздравляет вас с праздником Навруз!

Пусть этот древний и светлый праздник весны принесёт в ваши дома радость, мир и благополучие. Желаем вам крепкого здоровья, успехов во всех начинаниях, процветания и новых достижений.

Пусть Навруз станет символом обновления, добра и гармонии, а каждый день будет наполнен счастьем и благословением.

С уважением,
Компания NAJOT

Подробнее ...

Иди саиди Фитр / Праздник Ид аль-Фитр

  • Опубликовано в Новости
Мизоҷон ва шарикони муҳтарам!

Ширкати NAJOT Шуморо бо фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик менамояд.

Ин иди муборак рамзи меҳрубонӣ, сипосгузорӣ ва покии рӯҳ мебошад. Бигзор ин рӯзи муборак ба хонадони Шумо сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва баракат оварад ва сабаби комёбиҳои нав дар зиндагӣ гардад.

Ба Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, пешрафт дар кору фаъолият ва файзу баракат орзумандам. Бигзор ҳамаи корҳои неку ниятҳои неки Шумо пазируфта шаванд.

Бо эҳтиром,
Ширкати NAJOT



Уважаемые клиенты и партнёры!

Компания NAJOT искренне поздравляет вас с наступающим праздником Ид аль-Фитр.

Этот светлый праздник символизирует милосердие, благодарность и духовное обновление. Пусть он принесёт в ваши дома мир, благополучие и радость, а также станет началом новых достижений и успехов.

Желаем вам крепкого здоровья, стабильности, процветания и благополучия вам и вашим близким. Пусть ваши добрые дела и усилия будут вознаграждены, а в жизни всегда царят гармония и достаток.

С наилучшими пожеланиями,
Компания NAJOT

Подробнее ...

8 март - рузи модарон

  • Опубликовано в Новости
Дорогие женщины!

Компания NAJOT искренне поздравляет вас с прекрасным праздником — 8 Марта! Желаем вам крепкого здоровья, счастья, любви и благополучия. Пусть каждый день приносит радость, вдохновение и новые возможности. Спасибо вам за вашу доброту, заботу и красоту, которые делают этот мир лучше. Пусть в ваших домах всегда царят тепло, гармония и достаток!

С уважением, Компания NAJOT



Бонувони гиромӣ!

Ширкати NAJOT шуморо бо иди зебои баҳорӣ — 8-уми март, Рӯзи байналмилалии занон самимона табрик менамояд. Ба шумо сиҳатии бардавом, хушбахтӣ, муҳаббат ва рӯзгори пурфайз орзу мекунем. Бигзор ҳар рӯзи зиндагии шумо пур аз шодӣ, илҳом ва муваффақият бошад. Ташаккур ба шумо барои меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва зебоие, ки ҷаҳонро боз ҳам равшантар мегардонад.

Бо эҳтиром, Ширкати NAJOT!
Подробнее ...

23 - феврал Рӯзи Артиши Миллӣ

  • Опубликовано в Новости
Бо ифтихор ва эҳтироми бузург тамоми ҳомиёни Ватанро бо Рӯзи Артиши Миллӣ самимона табрик мегӯем! Ин рӯз рамзи шуҷоат, мардонагӣ, садоқат ва муҳаббат ба Ватан мебошад. Шумо — сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҳастед. Бо ҷасорату иродаи қавӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар саҳми арзанда мегузоред.

Ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, нерӯи матин, руҳияи баланд, муваффақият ва осмони соф орзу менамоем. Бигзор сулҳ, амният ва ваҳдат ҳамеша пойдор бошад!

Рӯзи Артиши Миллӣ муборак!



Поздравляем всех защитников Родины с Днём Защитников отечества!

Этот праздник символизирует мужество, честь, силу духа и верность Отечеству. Вы — надежная опора государства, гарант мира, стабильности и безопасности нашей страны. Благодаря вашей самоотверженности и преданности службе народ живёт под мирным небом.

Желаем вам крепкого здоровья, стойкости, благополучия, успехов в службе и уверенности в завтрашнем дне. Пусть ваши семьи всегда ждут вас с теплом и гордостью, а над нашей страной царят мир и процветание.

С праздником!
Подробнее ...

Моҳи шарифи Рамазон муборак! / со священным месяцем Рамадан

  • Опубликовано в Новости
Ширкати NAJOT тамоми муштариён, ҳамкорон ва дӯстони гиромиро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон самимона табрик менамояд. Орзумандем, ки ин моҳи пурбаракат барои шумо ва наздиконатон моҳи имон, сабр, бахшиш ва раҳмат бошад. Бигзор дуоҳоятон мустаҷоб гарданд, хонадонатон пур аз оромӣ ва дилҳоятон саршор аз нуру умед бошанд.



Компания NAJOT искренне поздравляет всех своих клиентов, партнёров и друзей с наступлением священного месяца Рамадан. Пусть этот благословенный месяц принесёт в ваши дома мир, гармонию и благополучие, наполнит сердца верой, терпением и добрыми намерениями. Желаем вам крепкого здоровья, семейного счастья и принятия всех молитв и благих дел.

Подробнее ...

Соли нави мелодӣ муборак

  • Опубликовано в Новости
Соли нав муборак, бизнес-партнёрoни азиз!

Ширкати NAJOT ба Шумо изҳори сипос менамояд барои ҳамкории боэътимод, дастгирӣ ва боварие, ки дар тӯли соли сипаригардида ба мо зоҳир намудед. Муносибатҳои шарикона бо Шумо барои мо арзиши баланд доранд ва заминаи муваффақиятҳои муштарак мебошанд.

Бо фаро расидани Соли нав, бароятон саломатии бардавом, осоиши рӯзгор, пешрафти устувор ва комёбиҳои навро орзумандем. Бигзор соли оянда бо дастовардҳои бузург, имкониятҳои нав ва ҳамкории боз ҳам самаранок пурра гардад.

Бо эҳтиром, Ширкати NAJOT
Подробнее ...

24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

  • Опубликовано в Новости
Ҷашни Рӯзи Парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Эмомалӣ Раҳмон


Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи ҳамватанони азиз шодбош гуфта, барояшон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназир, иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонро таманно менамояд.
Подробнее ...

16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Опубликовано в Новости
16 ноябр дар саросари кишвари мо Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем.

Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.

Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 31 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад.

Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.

Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Ин рӯзи муборакро ба ҷамъи ҳамватанони азизамон табрик гуфта, ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва сиҳҳатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон суботу амнияти пойдор ва рушду тараққии устуворро дар партави сиёсати хиарадмандонаи пешвои муаззами миллат таманно менамоем.
Подробнее ...
Подписаться на этот канал RSS

Откуда Вы узнали о нашей компании?

Вы пользуетесь нашими продукциями?

  • Бесплатная доставкаПо городу Душанбе
  • Скидки от 20% до 40%Для постоянных клиентов
  • Контактные номера(+992) 900-30-55-55 | (+992) 93-473-93-93
  •  
  • ГДЕ НАХОДИТСЯГЛАВНЫЙ ОФИС?

Наши контакты

  • Республика Таджикистан,
    район Рудаки, к/с Киблаи, уч. Киблаи
  • Тел: (+992) 900-30-55-55
             (+992) 93-473-93-93
  • E-mail: najot.tj@mail.ru

На сайте

Сейчас на сайте 16  гостей

http://www.zoofirma.ru/

Log in

create an account