Новости и статьи

Ширкати NAJOT тамоми муштариён, ҳамкорон ва дӯстони гиромиро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон самимона табрик менамояд. Орзумандем, ки ин моҳи пурбаракат барои шумо ва наздиконатон моҳи имон, сабр, бахшиш ва раҳмат бошад. Бигзор дуоҳоятон мустаҷоб гарданд, хонадонатон пур аз оромӣ ва дилҳоятон саршор аз нуру умед бошанд.

Понедельник, 09 февраля 2026 10:15
Среда, 31 декабря 2025 13:40

Соли нави мелодӣ муборак

Соли нав муборак, бизнес-партнёрoни азиз!

Ширкати NAJOT ба Шумо изҳори сипос менамояд барои ҳамкории боэътимод, дастгирӣ ва боварие, ки дар тӯли соли сипаригардида ба мо зоҳир намудед. Муносибатҳои шарикона бо Шумо барои мо арзиши баланд доранд ва заминаи муваффақиятҳои муштарак мебошанд.

Бо фаро расидани Соли нав, бароятон саломатии бардавом, осоиши рӯзгор, пешрафти устувор ва комёбиҳои навро орзумандем. Бигзор соли оянда бо дастовардҳои бузург, имкониятҳои нав ва ҳамкории боз ҳам самаранок пурра гардад.

Бо эҳтиром, Ширкати NAJOT
Ҷашни Рӯзи Парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Эмомалӣ Раҳмон


Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи ҳамватанони азиз шодбош гуфта, барояшон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназир, иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонро таманно менамояд.
16 ноябр дар саросари кишвари мо Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем.

Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.

Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 31 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад.

Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.

Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Ин рӯзи муборакро ба ҷамъи ҳамватанони азизамон табрик гуфта, ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва сиҳҳатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон суботу амнияти пойдор ва рушду тараққии устуворро дар партави сиёсати хиарадмандонаи пешвои муаззами миллат таманно менамоем.

Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед. Дар ин рўзи идона ба Шумо ва аҳли хонаводаи Шумо саломатии қавӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва сулҳу суботро таманно дорем. Бигзор дар хонадони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азизамон сулҳ ҳукмфармо бошад!

Шукри истиқлол мебояд намуд,
Шукри ин иқбол мебояд намуд.
Миллати мо гашт машҳури ҷаҳон,
Навбаҳораш дур гардид аз хазон.
Хурраму сарсабз мебошад кунун,
Ҷаҳд месозем ки бошад дар амон...

Ҳар сол, 18 август, дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Абуалӣ ибни Сино ва табибон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо хотирмонест барои гиромидошти шахсияти бузурги таърихӣ, балки рамзи арҷгузорӣ ба рисолати пуршарафи табибӣ ва мероси илмии гузаштагон мебошад.

Абуалӣ ибни Сино — нобиғаи шарқ, табиби машҳури ҷаҳонӣ ва мутафаккири нотакрор — бо осори гаронбаҳои худ дар рушди илми тиб, фалсафа ва ҷаҳонбинии инсонӣ саҳми беназир гузоштааст.

Когда цветет верблюжья колючка, а правильно она называется "жантак (янтоқ)", волны густого, сладкого аромата заставляют вдохнуть эту эссенцию поглубже. Кажется, что пряностью пропитано всё насквозь.

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумо – ҳамватанони муҳтарамро ба муносибати фаро расидани Иди Саиди Қурбон самимона табрик мегӯем!

Ин иди муборак, ки рамзи эҳсонкорӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа аст, барои мо имкониятест то бо якдилию якдигарфаҳмӣ ба пешрафти соҳаи худ саҳм гузорем.

Роҳбарият аз саҳми арзишманди ҳар яки Шумо дар пешбурди фаъолияти муассиса арзи сипос намуда, таманно дорад, ки ин ид ба зиндагии ҳар як Шумо фазои шодиву саломатӣ, ризқу рӯзии фаровон ва файзу баракат биорад.

Бигзор фазои меҳру муҳаббат, дӯстиву ҳамраъйӣ, ки хоси ин ид аст, ҳамеша дар миёни мо ҳукмфармо бошад!

Страница 2 из 6